Мо ҷавонони даврони истиқлолем!





Хуш омадед ба сайти SAMIRJON.RU !

Намунаи тестхои Маркази Миллии тести

2017

        
Компоненти А Компоненти Б




Намегузорем, ки идеологияи бегонаро ба шуури фарзандонамон ҷой намоянд




Баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро пеш аз ҳама бояд оила ва мактаб нақши калидӣ дошта бошанд. Зеро масъалаҳои маскур сода набуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ ин зуҳуроти номатлубро ҳассос арзёбӣ намудааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти мубориза бо гурӯҳҳои тундрав, ки пеш аз ҳама мехоҳанд ҷавонони моро бо ҳар ҳиллаву найранг ба доми худ кашанд, саҳмгузор бошем.

Пӯшида нест, ки ин ҳаракатҳо дар бисёр давлатҳои ҷаҳон фаъолият доранд ва бештар ба ҷавонон такя менамоянд. Бинобар маълуоти дастрасшуда, чунин гурӯҳҳо ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопокашон, бештар ҷавононро ба ҷангҳо ҷалб мекунанд, ки аксарияти онҳо ваҳшиёна ба қатл расонида мешавад.



Принсипи давлати дунявӣ бояд дар тамоми барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ инъикос гардад, чунки баъзе аз торикфикрон ин принсипро ба маънои аслиаш сарфаҳм нарафта ақидаҳои гуногунро ба миён меорад. Мувофиқи моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар ин модда принсипи дунявӣ маънои бединиро надошта, яъне мутобиқи принсипи дунявӣ ташкилотҳои диннӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатдорӣ мудохила карда наметавонад.

Имрӯзҳо падару модаронро зарур аст, ки аз кору кирдори фарзандони худ хабардор бошанд, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва содиқ будан ба ватан тарбия намуда, ба роҳи рост ҳидоят ва аз робита бо шахсони шубҳанок нигоҳ доранд, то ки фардо дер нашавад. Зеро мувофиқ моддаи 63-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- Волидон барои тарбия ва рушду камоли фарзандон масъулият дошта, вазифадоранд, ки барои саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, таълим ва касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд. Бетарафӣ ба ин масъала чун теша задан ба решаи миллату давлат аст.

Мавриди зикр аст, ки оид ба ҳамкории оила ва мактаб дар тарбияи фарзандон қарорҳои зиёде қабул гардидааст. Мактаб дар замони муосир на танҳо вазифаи таълим, балки масъалаҳои тарбияи насли наврасро низ ба зимма дорад. Бинобар ин омӯзгорон, алалхусус, роҳбари синф, ки талаба вақти дар мактаб будан вақти зиёди хешро мегӯзаронад, нақши тарбиядиҳанда дорад. Вале мутаассифона мо ба нақши муаллим-психолог кам таваҷҷуҳ мекунем.

Фаромӯш набояд кард, ки мо имрӯз дар асри ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем ва ҳамарӯза тариқи воситаҳои ахбори омма огоҳӣ пайдо мекунем, ки ҷаҳони имрӯзаро мушкилиҳои зиёде аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ фаро гирифта истодааст. Ин ҳама моро ба он водор мекунад, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҳама гуна мушкилиҳои сунъии ба миён омадаро бартараф карда тавонем ва нагузорем, ки шахсони манфиатдор равиаҳои бегонаро дар шуури фарзандонамон ҷой намоянд.


.