Экология

11
Май

Экология - асоси назариявии ҳифзи муҳити зист

Ҳамбастагии инсону табиат бебаҳс аст. Ҳисси эстети-киву дӯстдории наботот, эҳсоси фараҳмандӣ аз бӯи муат-тари гулҳо, ба сарв нисбат додани маҳбуба ва гайра ифодаи манбаи ғизои маънавӣ будани табиатанд. Вай илҳомбахши эҷодкорон аст. Дар ибораи «Замин -Модар» ҳастии инсон ғунҷидааст. Вале ба ивази ҳама ин неъматҳо фақат дӯст доштани Ватан кофӣ нест.

11
Май

Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст

                                                             
Инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ кунад, чӣ хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ дорад. Бе ҳастиҳои табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст. Бе об ҳаёт нест. Об ҳастии ҳаёт аст. Ягон гулу гиёҳ, набототу растанию ҳайвоноти зинда бе истифодаи об буда наметавонад. Сабзишу расиши ҳар як мавҷудот ба об вобаста аст.
 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript