14
Ноя

16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, минбаъд дар Тоҷикистони азизи мо рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
         Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.


 

08
Сен

ZAYN - Dusk Till Dawn ft. Sia


07
Сен

Рыба (гигант) поймана в Волге (Самара) Big Fish


12
Май

АМИНҶОН ШУКЎҲӢ

«Хунмаст ҷанобони ҷаҳонсўзи ҷаҳонро,
Бо тантана бар суди адолат бисупорем».

Аминҷон Шукўҳӣ (Ҳоҷибоев) 10-уми июни соли 1923 дар

деҳаи Румони ноҳияи Хуҷанд дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

 

12
Май

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ў забони модарӣ гум кардааст.

Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар Мазори Ша-

риф, ки яке аз деҳаҳои хушманзари ноҳияи Панҷакент аст,

ба дунё омадааст. 

12
Май

ФАЗЛИДДИН МУҲАММАДИЕВ

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри

Самарқанд, дар оилаи саҳҳоф (ҷилдсоз) ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна ходими адабии рўзномаи

«Тоҷикистони сурх» буд. 

12
Май

МУҲИДДИН АМИНЗОДА

Ҳар ки баҳри сулҳ имзо мекунад,
Беҳтарин коре ба дунё мекунад.
Карда имзо, душманони сулҳро
Рўсияҳ, шарманда, расво мекунад
.

Муҳиддин Аминзода 22 марти соли 1904 дар шаҳри Ху-

ҷанд, дар оилаи мударрис ба дунё омадааст.

То давраи Инқилоби октябр дар мактаби кўҳна, баъдтар

дар мактаби шўравӣ таълим гирифтааст. 

12
Май

АБДУЛҲАҚИ БЕТОБ

 

                                 Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
                                 Ҳоҷати бисёри қилу қол нест.
                                 Даври ў чун даври соғар нашъабахш,
                                 Аҳди ў ҷуз аҳди маймун фол нест.

Шоири муосири афғон Абдулҳақ Суфии Бетоб соли 1888

дар шаҳри Кобули Афғонистон чашм ба олами ҳастӣ кушо-

дааст. Ў ба забони дарӣ (форсии кобулӣ) асарҳои илмӣ ва

адабӣ эҷод намудааст.

 
12
Май

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

Боқӣ Раҳимзода 15-уми майи соли 1910 дар Сорбоғ, ки

яке аз деҳаҳои зеботарини ноҳияи Рашт ба ҳисоб меравад,

ба дунё омадааст. Дар давраи кўдакӣ, бо амри тақдир, па-

дари ў аз сар рафт. 

12
Май

ҲАБИБ ЮСУФӢ

   «Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш

   Туро замини ману такягоҳи  ман гўяд»

Ҳабиб Юсуфӣ соли 1916 дар оилаи мударрис дар гузари

Боғимайдони шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди

хатми мактаби ҳафтсола вай ба Текникуми педагогии мар-

донаи тоҷикии шаҳри Самарқанд дохил шудааст. 

12
Май

СОТИМ УЛУҒЗОДА

Нависанда ва драманависи тоҷик Сотим Улуғзода 1-уми

сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилоя-

ти Намангони Ҷумҳурии Ўзбекистан дар оилаи деҳқон ба

дунё омадааст.

12
Май

МАЛИКУШШУАРО БАҲОР

Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи  мўре вайрон,

Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор яке аз шоирон

ва нависандагони бузурги давраи охири Эрон мебошад. Ада-

биётшиносон ўро «яке аз ситорагони тобони осмони адаби Эрон» мешуморанд.

 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript