11
Май

ЗАҲИРИИ САМАРҚАНДӢ

              
Аз дўст ба ҳар захме афгор набояд шуд
В -аз ёр ба ҳар љавре безор набояд шуд.

Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан Заҳирии Самарқандӣ
аз дабирон ва адибони асри 12 форс-тоҷик буда, доир ба
ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии ў маълумоти хеле кам аст.
Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар тазкираи
«Лубоб-ул-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дар-
бори Қарохониҳои Самарқанд котибӣ карда, «Соҳиби де-
вон»-и иншои Рукнуддин Масъуд будааст

Муаллифони таз-

кираҳо таъкид кардаанд, ки Заҳирии Самарқандӣ дар нас-

ри мусаҷҷаъ се китоби бузург таълиф карда будааст. Кито-

би якуми ў «Самъ-уз-Заҳир фӣ ҷамъ-из-заҳир » («Гуфтори

Заҳир барои маҷлиси хос») ном дошта, зоҳиран дар боби

усули давлатдорӣ будааст. Ин асар то замони мо боқӣ на-

мондааст. Китоби дуюми ў-«Ағроз-ус-сиёсат фӣ аъроз-ир-

риёсат» («Мақсадҳои сиёсат дар идора кардани давлат»)

китоби таърихшиносӣ дар боби сиёсат ва усули давлатдорӣ

буда, аз гуфтори шоҳони асотирӣ- Ҷамшед то шоҳони асри

XII - Санҷар ибни Маликшоҳ, паҳлавонон, донишмандони

эронию араб, юнонӣ ва ғайра фароҳам омадааст. Заҳирии

Самарқандӣ дар ин китоб ҳангоми шарҳу тавзеҳи гуфтаҳои

гузаштагон аз баъзе воқеаҳои замони худ ёдовар шудааст,

ки аҳамияти таърихӣ доранд. Муҳимтарин асари Заҳирии

Самарқандӣ, ки ўро дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳам-

ЗАҲИРИИ

САМАРҚАНДӣ

Аз дўст ба ҳар захме афгор набояд шуд

В -аз ёр ба ҳар ҷавре безор набояд шуд.

32

чун насрнавис машҳур кард, “Синбоднома” мебошад. “Син-

боднома” бо услуби ҳикоят андар ҳикоят таълиф шуда, таъ-

рихи хеле қадима дорад. Қадимтарин нусхаи ин асар ба за-

мони Ашкониён (250 то м. - 224 м.) тааллуқ дорад. Аммо

сарчашмаи имрўзаи “Синбоднома” ривояти паҳлавии асар

буда, дар асри 8 аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуда, ба тар-

киби китоби “Ҳазору як шаб” даромадааст. Дар асри VIII

инчунин, матни арабии он ба суриёнӣ ва дар асри XI матни

суриёнӣ ба забони юнонӣ ва баъдтар ба забонҳои испанӣ,

ибронӣ, арманӣ, гурҷӣ, туркӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, итали-

явӣ, англисӣ, немисӣ, русӣ, руминӣ, шведӣ ва ғайра тарҷу-

ма шудааст. Дар адабиёти форс-тоҷик чанд таҳрири муста-

қили манзуму мансури “Синбоднома” вуҷуд дорад. Авва-

лин таҳрири “Синбоднома” ба қалами устод Рўдакӣ таал-

луқ дорад, ки то замони мо аз он байтҳои пароканда боқӣ

мондааст. Таҳрири дуюм ба адиб ва тарҷумони асри  X-

Абулфавориси Фанорўзӣ тааллуқ дорад. Мувофиқи гуфтаи

Заҳирии Самарқандӣ, Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ ба Абул-

фавориси Фанорўзӣ супориш додааст, ки ў китоби “Син-

боднома” - ро аз забони паҳлавӣ ба тоҷикӣ тарҷума кунад

Абулфавориси Фанорўзӣ солҳои 950-951 “Синбоднома”-

ро аз паҳлавӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Матни тарҷумаи

Фанорўзӣ то замони мо нарасидааст. Дар асри XI Азрақии

Ҳиравии шоир матни тарҷумаи Фанорўзиро ба назм даро-

вардааст. Заҳирии Самарқандӣ нимаҳои асри XII матни тар-

ҷумаи Фанорўзиро аз нав таҳрир кардааст, ки матни он соли

1948 дар Истамбул (Туркия), соли 1953 дар Теҳрон ва соли

1971 дар Душанбе бо номи «Китоби Ҳаким Синбод» ба табъ

расидааст. Мазмуни мухтасари «Синбоднома» чунин аст:

- Дар сарзамини Ҳинд Қурдис ном подшоҳи одилу доное

буд. Ин подшоҳ аз бефарзандӣ доимо ғам мехўрд. Аз қазо

дар пиронсолӣ писаре ёфт. Таълиму тарбияи ин фарзандро

ба гардани Синбоди Ҳаким гузоштааст. Шоҳзода дар илму

дониш рўз то рўз комил мегашт ва аз рўи одат, ў бояд дар

назди дарбориён имтиҳон месупорид. Барои ҳамин устодаш-

33

Синбод пеши офтоб устурлоб гузошта, муайян кард, ки то

ҳафт рўз ҷони шоҳзода дар хатар аст, барои ҳамин аз шоҳ-

зода хоҳиш кард, ки ў то ҳафт рўз бо касе гап назанад ва

худаш ба сафар баромад. Яке аз канизакҳои шоҳ, ки кайҳо

боз ошиқу мафтуни ў гашта буд, ба назди шоҳзода рафта

арзи дил кард. Шоҳзода ишқи канизакро рад карда, таъкид

намуд, ки баъди ҳафт рўзи хомўшӣ ба назди шоҳ рафта бе-

вафоии канизакро хоҳад гуфт. Канизак аз тарси ҷон роҳи

хабаркаширо пеш гирифт. Ў ба назди подшоҳ рафта, шоҳ-

зодаро ба хиёнат муттаҳам кард. Подшоҳ аз хабар ба хашм

омад ва ба қатли шоҳзода фармон дод. Дар ин миён ҳафт

вазири донову хирадманди подшоҳ ба ҳимояти шоҳзода

бархоста, дар бевафоии занон ва зарари беандешагӣ ҳико-

ятҳои тамсилӣ меоварданд ва бо ҳамин иҷрои қатли шоҳзо-

даро ба қафо мепартофтанд, то ки ҳафт рўзи наҳс бигузара-

ду шоҳзода бегуноҳии худро исбот кунад.

Заҳирии Самарқандӣ мувофиқи завқи бадеъии замони худ

матни аз паҳлавӣ ба дарӣ гардонидаи Абулфавориси Фа-

норўзиро бо сабки маснўъи пуртакаллуф таҳрир карда, гоҳ-

гоҳе дар мавридҳои мувофиқ шеърҳои тоҷикию арабиро ҷой

додааст.

Заҳирии Самарқандӣ дар зимни асар ақидаҳои иҷтимоии

хешро дар боби усули мамлакатдорӣ, шоҳи маърифатпеша

ва давлати обод ифода кардааст, ки ин як навъ дастурест

барои шоҳону амирони давру замони ў.

 

Комментарии

Rss-лента комментариев к этому посту

Оставьте свой комментарий

Заменить картинку
жирный курсив цитата

С правилами ознакомлен
 

Правила публикования комментариев
1. Не информативные комментарии вида "Спасибо, замечательная статья", имеющие ссылку на сайт, скорее всего будут удалены.
2. В поле "сайт" указывается ссылка на главную страницу сайта для людей.
Владелец этого блога незамедлительно удалит спам в любом его проявлении.

 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript