12
Май

МАЛИКУШШУАРО БАҲОР

Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи  мўре вайрон,

Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор яке аз шоирон

ва нависандагони бузурги давраи охири Эрон мебошад. Ада-

биётшиносон ўро «яке аз ситорагони тобони осмони адаби Эрон» мешуморанд.

Баҳор як умр барои мудофиаи ҳуқуқи халқи худ, барои

халосии вай аз чанголи истисморгарони дохилӣва импери-

алистони хориҷӣ, барои ба зиндагонии осуда, озод ва ма-

данӣрасонидани мардуми ватанаш мубориза бурдааст. Ба-

ҳор яке аз насрнависони барҷастаи замони худ буда, дар

эҷоди насри нави сода ва фаҳмо яке аз арбоби пешқадами

матбуоти Эрон будааст. Вай бо асарҳои илмии худ ба омў-

зиши забону адабиёти форс ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Баҳор бо шеърҳои худ ба муқобили зўроварони замона

ва ба тарафдории халқи худ ҷидду ҷаҳд кардааст.

Муҳаммад Тақии Баҳор соли 1886 дар шаҳри Машҳад дар

оилаи шоири машҳури Хуросон Маликушшуаро Муҳаммад

Козими Сабурӣба дунё омад. Ҳанўз дар айёми наврасӣис-

теъдод ва завқи шоириаш маълум гаштааст. Ў аввалин шеър-

ҳояшро ба падараш нишон дода, нахустин дарси шеърна-

висиро аз падараш гирифтааст. Ў донишҳои замони худро

дар пеши устодони машҳури Хуросон аз худ карда ҳанўз

дар ҳаждаҳсолагиаш ба қасидасароӣшуғл варзидааст.

Бо сар шудани аввалин ҳаракатҳои инқилобӣдар Эрон

соли 1907 шўҳрати Баҳор низ ибтидо ёфт. Баҳор аз соли 1910

ба нашр намудани рўзномаҳои «Навбаҳор» ва «Тозабаҳор»

шурўъ кард. Бо мақолаҳои оташин ва шеърҳои ҳаяҷонбах-

ши худ ба муқобили мустамликачиёни хориҷӣ- империа-

листони англис ва ҳукумати подшоҳии Русия, ки дар он дав-

ра барои дар байни худ тақсим кардани Эрон ҷангу ҷидол

доштанд, садои эътироз баланд кард. Баҳор дар сафи авва-

ли муборизони роҳи озодӣистода, аввалин натиҷаҳои фаъ-

олияти озодихоҳонро ҳимоя намуд ва чандин бор ҳабс ва

бадарға карда шуд.

Вақте Ризохон бо қасди ҳукмрони Эрон шудан ба май-

дон омад, Баҳор аз ҷумлаи муқобилони ў буд ва дар тамоми

муддати  ҳукмронии Ризохон, ки баъд  худро шоҳи  Эрон

эълон намуд, аз бадхоҳони он ба шумор мерафт, дар таҳти

таъқибу назорати политсия мегашт. Бинобар,  ин дар зин-

дагиаш нашр кардани куллиёти ашъораш ба вай муяссар

нагардид. Куллиёти дуҷилдаи шоир фақат пас аз вафоташ,

дар соли 1956 нашр гардидааст.

Баҳор дар баробари фаъолияти сиёсӣфаъолияти пурса-

мари илмии худро низ давом дод. Ў аввал дар Дорулмуал-

лимин ва пас аз ташкил карда шудани Донишгоҳи Теҳрон

дар он ҷо дарси адабиёти форсӣва услубшиносӣмегуфт.

Асари машҳури сеҷилдаи Баҳор «Сабкшиносӣё татаввури

(дигаршавии) насри форсӣ» дар соҳаи тадқиқоти забон ва

услуби насри форсӣ- тоҷикӣасари хеле муфид ва мўътаба-

ре буда, барои таърихи адабиёти форсу тоҷик аҳамияти бу-

зурги илмӣдорад.

Тарҷумаҳои Баҳор аз забони паҳлавӣ(«Андарзи Озарбади

Меҳраспандон», «Рисолаи мотигони шатранҷ» ва «Ёдгори За-

рирон»), иштироки вай дар таълифи сарфу наҳви дуҷилдаи за-

бони форсӣва китобҳои хониш барои мактабҳои миёнаи Эрон,

асарҳои адабӣва таърихии вай дар бораи аҳволи Фирдавсӣ,

Монӣ, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, «Таърихи аҳзоби сиёсии

Эрон» аз ёдгориҳои пурарзиши илмӣмебошанд.

196

Баҳор охирин рўзҳои умри худро, ки бештар дар бистари

беморӣмегузаштанд, ба мубориза барои сулҳ ва осоиш сарф

намуд. Ў аз рўзи аввали таъсиси ҷамъияти тарафдорони сулҳ

дар Эрон дар сари ин ҳаракат меистод. Ў байрақдори сулҳ

шуданро барои худ ифтихори бузурге мешумурд. Баҳор дар

ин давра яке аз қасидаҳои ҷовидонии худ «Чуғзи ҷанг»-ро

навишт. Ў аз борони тўҳмат ва иғвоҳое, ки аз тарафи муқо-

билонаш ба сараш меборид, парвое накарда мегуфт: «Ман

амри (кори) сулҳро ба хотири сулҳ на ба хотири он касоне,

ки дар бораи он сўҳбат мекунанд, дўст медорам. Хоҳ ҳаво-

дорони сулҳ  аз  Амрико  ва  Инглистон  бошанду хоҳ  аз

Шўравӣва Чин, фарёди сулҳхоҳи асил қобили эҳтиром аст».

Баҳор яке аз аъзои фаъоли  ҷамъияти алоқаи мадании

Эрон ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣбуда, барои мустаҳкам

шудани ин алоқа хизматҳо кардааст.

Баҳор 21-уми апрели соли 1951 дар Теҳрон аз дунё гузашт.

 

 

Комментарии

Rss-лента комментариев к этому посту

Оставьте свой комментарий

Заменить картинку
жирный курсив цитата

С правилами ознакомлен
 

Правила публикования комментариев
1. Не информативные комментарии вида "Спасибо, замечательная статья", имеющие ссылку на сайт, скорее всего будут удалены.
2. В поле "сайт" указывается ссылка на главную страницу сайта для людей.
Владелец этого блога незамедлительно удалит спам в любом его проявлении.

 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript