12
Май

ҲАБИБ ЮСУФӢ

   «Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш

   Туро замини ману такягоҳи  ман гўяд»

Ҳабиб Юсуфӣ соли 1916 дар оилаи мударрис дар гузари

Боғимайдони шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди

хатми мактаби ҳафтсола вай ба Текникуми педагогии мар-

донаи тоҷикии шаҳри Самарқанд дохил шудааст. 

Соли 1935 техникумро хатм намуда, дар мактабҳои миёна аз забон ва

адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Вале фақат дарс гуфтан ҷаво-

ни донишдўстро қонеъ намекард. Бинобар ин,  тирамоҳи

соли 1936 ў ба факултаи филологияи шўъбаи шабонаи До-

рулфунуни давлатии Ўзбекистон дохил шуд. Таҳсили ша-

бона ўро қонеъ карда натавонист. Аз сентябри соли 1937 ба

шўъбаи рўзона гузашт.

Шароити хуби мактаби олӣ ба Ҳабиб Юсуфӣ имконият дод,

ки аз ҷиҳати ғоявӣ ва сатҳи дониш зуд инкишоф ёбад. Баъд аз

хатми таҳсил соли 1940 ба Душанбе омада, дар Институти за-

бон, адабиёт ва таърихи филиали Тоҷикистонии Академияи

фанҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳодими илмӣ таъйин шуд.

Ҳабиб Юсуфӣ шоир, тарҷумон ва ходими илмӣ буд. Ў

дар як муддати кўтоҳ асарҳои Пушкин ва Лермонтовро ба

забони тоҷикӣ тарҷума намуд.

Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ба сафҳои Армияи

Советӣ даъват шуд. Ўро аввал ба Омўзишгоҳи ҳарбии ми-

номётии шаҳри Пенза фиристоданд. Ҳабиб Юсуфӣ техни-

каи ҳарбиро омўхта бо рутбаи лейтенанти хурд ба ҳимояи

Ленинград фиристода шуд. Дар яке аз мактубҳояш, ки 19-

уми ноябри соли 1943 навишта буд, «...Он рўзҳо дур нестанд,

ки душмани малъунро аз дарвозаҳои ин шаҳри азим дур

андозем» гуфтааст.

Ҳабиб Юсуфӣ дар байни афсарону аскарони қисмаш ҳам-

чун инсони оддӣ, хоксор, дўст ва рафиқи хуб, соҳиби дони-

ши баланд шинохта шуда буд. Ў аз мутолиаи китоб ғофил

намешуд. Дар яке аз мактубҳояш ҳатто ишора намудааст,

ки ў китоби Л.Н. Толстой «Ҷанг ва сулҳ»-ро бо забони рўсӣ

хонда истодааст.

Ҷанговар ва афсари ватандўст бозгашти худро фақат бо

роҳи сарҳадҳои ғарбии мамлакат ва аз дохили Берлин му-

айян намуда,»...агар саломатӣ бошад, роҳи мо ба Самарқ-

анд ва Сталинобод ба воситаи Берлин аст...» навишта буд.

Аммо дили пурҷўшу хурўш, ки саршори муҳаббат ба ва-

тан буд, 15 феврали соли 1945 аз тири фашистони манҳус

абадӣ аз кор монд, вале номи ў дар дили хонандагонаш

абадӣ гашт.

Ҳабиб Юсуфӣ шеъргўиро барвақттар оғоз карда бошад

ҳам, ба таври расмӣ соли 1936 шеърҳояшро эълон намуда-

аст. Соли 1939 нашр шудани аввалин маҷмўаи шеърҳои ў

«Таронаи ватан» шўҳрати ўро зиёд ва эътирофи умум гар-

донид.

 

 

Комментарии

Rss-лента комментариев к этому посту

Оставьте свой комментарий

Заменить картинку
жирный курсив цитата

С правилами ознакомлен
 

Правила публикования комментариев
1. Не информативные комментарии вида "Спасибо, замечательная статья", имеющие ссылку на сайт, скорее всего будут удалены.
2. В поле "сайт" указывается ссылка на главную страницу сайта для людей.
Владелец этого блога незамедлительно удалит спам в любом его проявлении.

 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript