12
Май

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

Боқӣ Раҳимзода 15-уми майи соли 1910 дар Сорбоғ, ки

яке аз деҳаҳои зеботарини ноҳияи Рашт ба ҳисоб меравад,

ба дунё омадааст. Дар давраи кўдакӣ, бо амри тақдир, па-

дари ў аз сар рафт. 

Баъди марги падар Боқӣ муддате дар

хонаи амакҳояш - Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда,

бо ёрии онҳо ў дар мактаби кўҳнаи деҳаашон савод омўхт.

Боқӣ, ки  худ табиатан бачаи зираку донишдўст буд, дар

муддати ниҳоят кўтоҳ асосҳои саводи мактаби кўҳнаро аз

худ намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд

дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомўхт.

Баъди  ташкил шудани мактабҳои шўроӣ, ў аз  ҷумлаи

нахустин шогирдони болаёқати он мактаб буд. Боқӣ Раҳим-

зода аввал Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд (1931),

баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд (1938)

ва ниҳоят Институти омўзгории шаҳри Душанберо (1941)

бо баҳои аъло хатм намуд. Шавқи шеър барвақт дар қалби

ў ҷой гирифта буд, аввалин шеърҳои ў солҳои 30-юм дар

саҳифаи рўзнома ва маҷаллаҳо чоп шуданд.

Аввалин китоби шеърҳои ў соли 1945 бо номи «Ба фронт»

чоп шуд, ки дар онҳо қаҳрамониҳои халқи бузурги шўравӣ

ва ғалабаи он васф шудааст. Боқӣ Раҳимзода шоири тавоно

буд, ашъори ў содаю фаҳмо ва самимӣ аст. Дар шеърҳои

ҳаҷвиаш шахсони ваъдабозу оилабезор, булҳавасу танбал-

ро мазаммат мекард. Барои бачаҳо суруду таронаҳои зиёд

навиштааст.

Ҳунар ва истеъдоди баланди шоирии Боқӣ дар шеърҳои

«Чашмасор», «Баҳори умр», «Қиссаи кўҳсор», «Республи-

каи ман», «Мусича ва рўбоҳ», «Муаллим», «Халқи бузург-

ворам» ва ғайра хеле хуб зоҳир шудааст.

Боқӣ Раҳимзода дар баробари шоири ҳақиқӣ будан, ин-

сони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон буд. Аз соли

1948 то охири ҳаёташ мушовири Иттифоқи нависандагони

Тоҷикистонро дар ўҳда дошт. 30-юми январи соли 1980 Боқӣ

Раҳимзода дар Душанбе ҳаётро падруд гуфт.

Дар шеъри «Муаллим» иззату эҳтироми халқро нисбат

ба омўзгор хеле самимӣ баён намудааст.

 

 

Комментарии

Rss-лента комментариев к этому посту

Оставьте свой комментарий

Заменить картинку
жирный курсив цитата

С правилами ознакомлен
 

Правила публикования комментариев
1. Не информативные комментарии вида "Спасибо, замечательная статья", имеющие ссылку на сайт, скорее всего будут удалены.
2. В поле "сайт" указывается ссылка на главную страницу сайта для людей.
Владелец этого блога незамедлительно удалит спам в любом его проявлении.

 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript