12
Май

АБДУЛҲАҚИ БЕТОБ

 

                                 Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
                                 Ҳоҷати бисёри қилу қол нест.
                                 Даври ў чун даври соғар нашъабахш,
                                 Аҳди ў ҷуз аҳди маймун фол нест.

Шоири муосири афғон Абдулҳақ Суфии Бетоб соли 1888

дар шаҳри Кобули Афғонистон чашм ба олами ҳастӣ кушо-

дааст. Ў ба забони дарӣ (форсии кобулӣ) асарҳои илмӣ ва

адабӣ эҷод намудааст.

 

 Абдулҳақ Бетоб таълими ибтидоиро

дар оила гирифта, ба омўзиши илмҳои диния, адабиёти

форсӣ ва арабӣ машғул шудааст. Аз соли 1918 сар карда дар

соҳаи маориф фаъолият намуда, баъдтар ба ҳайси профес-

сори Университети Кобул машғули таълими донишҷўён

будааст. Бетоб дар эҷоди шеър сабки ҳиндиро пайравӣ на-

муда, вале саъй дошт, ки мақсадро ба забони содатаре баён

кунад. Ў соли 1952 ба унвони ифтихории «Маликушшуаро»

мушарраф гардида буд. Шеърҳои Абдулҳақ Бетоб дар рўзно-

маю маҷаллаҳои Тоҷикистон ва китоби «Намунаи ашъори

шоирони муосири афғон», ки соли 1958 нашр шуда буд, ба

табъ расидаанд.

Мавзўи ашъори Бетоб хеле рангоранг ва доманадор аст.

Тараннуми озодӣ, шукри озодию соҳибистиқлолӣ намудан

ва ба қадри неъмати соҳибихтиёрӣ расидан матолиби асо-

сии эҷодиёти Бетоб аст.

Бетоб соли 1969 дар шаҳри Кобул фавтидааст.

 

Комментарии

Rss-лента комментариев к этому посту

Оставьте свой комментарий

Заменить картинку
жирный курсив цитата

С правилами ознакомлен
 

Правила публикования комментариев
1. Не информативные комментарии вида "Спасибо, замечательная статья", имеющие ссылку на сайт, скорее всего будут удалены.
2. В поле "сайт" указывается ссылка на главную страницу сайта для людей.
Владелец этого блога незамедлительно удалит спам в любом его проявлении.

 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript