12
Май

МУҲИДДИН АМИНЗОДА

Ҳар ки баҳри сулҳ имзо мекунад,
Беҳтарин коре ба дунё мекунад.
Карда имзо, душманони сулҳро
Рўсияҳ, шарманда, расво мекунад
.

Муҳиддин Аминзода 22 марти соли 1904 дар шаҳри Ху-

ҷанд, дар оилаи мударрис ба дунё омадааст.

То давраи Инқилоби октябр дар мактаби кўҳна, баъдтар

дар мактаби шўравӣ таълим гирифтааст. 

Соли 1925, баъди хатми курси педагогии шаҳри Самарқанд ба касби муаллимӣ

машғул мешавад. Баъди чанд соли муаллимӣ ў солҳои 1928-

29 дар Институти мусиқии шаҳри Самарқанд таҳсил мена-

мояд. Солҳои 1932-37 роҳбари адабии Театри драмаи му-

сиқии Ленинобод ва дар айни замон, муаллими Омўзишгоҳи

мусиқии шаҳри Ленинобод буд. Дар ин омўзишгоҳ ў дарси

танбўрнавозиро ёд медод. Соли 1937 ба Душанбе омада, дар

Театри мусиқии шаҳри Душанбе, ки соли 1940 ба Театри

давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ табдил

дода шуд, кор кард. Солҳои охири умрашро дар шаҳри Ху-

ҷанд гузаронид. Ў дар ин ҷо асосан ба кори эҷодӣ машғул

буд. Бо  рўзномаи «Ҳақиқати  Ленинобод» ва  маҷаллаи

ҳаҷвии «Хорпуштак» ҳамкории доимӣ дошт. Ў якуми сен-

тябри соли 1966 дар шаҳри Ленинобод аз олам чашм пўшид.

Муҳиддин Аминзода шоир ва тарҷумони номӣ буд. Миқ-

дори абёти тарҷумакардаи ў 75 ҳазор байтро ташкил меди-

ҳад. Тарҷумаи достони «Фарҳод ва Ширин» - и Навоӣ (бо

ҳамроҳии Раҳим Ҷалил), «Борис Годунов»- и Пушкин, ма-

салҳои Крилов, шеърҳои Лермонтов, «Духтар ва марг»-и

Максим Горкий, достони «Палангинанўш»-и Шота Руста-

велӣ, эпоси армании «Довуди Сосунӣ» ва ғайра ба қалами ў

тааллуқ доранд.

Аввалин шеръҳояш солҳои 20-уми асри бист дар рўзно-

маи «Овози тоҷик» ва маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло мушфиқӣ»

чоп шудаанд. Шеърҳои аввалинаш соли 1935 дар маҷмўаи

«Шеърҳо» ва соли 1937 дар маҷмўаи «Чаман» ба табъ раси-

даанд. Ў муаллифи китобҳои «Баҳори Ватан» (1940), «Са-

дои зафар» (1944), «Шеърҳои мунтахаб» (1948, 1949, 1952,

1954, 1956), «Баҳори дил» (1964) ва «Мунтахабот» (1976, дар

ду ҷилд) мебошад.

Муҳиддин Аминзода аз ҷумлаи аввалин бунёдгузорони

шеъри ҳаҷвии адабиёти шўравии тоҷик маҳсуб меёбад. На-

хустин шеъри ҳаҷвии ў «Ҳасрати як имом» ном дорад, ки

соли 1928 чоп шудааст. Солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ фаъ-

олияти ҳаҷвнависии Аминзода хеле вусъат ёфт. Ў дар шеъ-

рҳои ҳаҷвии хеш ваҳшонияту ҷаҳолат, номардию буздилии

фашистонро хеле сахт ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст-

Муҳиддин Аминзода чун ватандўсти фидоӣ то охирин лаҳ-

заҳои умри худ аз таҳти дил ба халқу Ватан хизмат карда-

аст. Дар банди аввалин тарҷеъбандаш чунин мегўяд:

То лаб тару хун дар лабу гармист баданро,

То бас накунад дил ҳаракат, мижа заданро,

Аз қувва ба бозуст хаму рост шуданро,

Аз каф надиҳам домани мақсуди Ватанро

Ин аст ба модар - ба Ватан рози дили ман,

Бигзор ҷаҳон бишнавад овози дили ман.

Муҳиддин Аминзода аз соли 1936 узви ИН СССР буд. Бо

ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

 

 

Комментарии

Rss-лента комментариев к этому посту

Оставьте свой комментарий

Заменить картинку
жирный курсив цитата

С правилами ознакомлен
 

Правила публикования комментариев
1. Не информативные комментарии вида "Спасибо, замечательная статья", имеющие ссылку на сайт, скорее всего будут удалены.
2. В поле "сайт" указывается ссылка на главную страницу сайта для людей.
Владелец этого блога незамедлительно удалит спам в любом его проявлении.

 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript