12
Май

ФАЗЛИДДИН МУҲАММАДИЕВ

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри

Самарқанд, дар оилаи саҳҳоф (ҷилдсоз) ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна ходими адабии рўзномаи

«Тоҷикистони сурх» буд. 

Соли 1951 мактаби марказии комсомоли назди Кумитаи марказии комсомолро

 дар шаҳри Маскав хатм намуд ва ба кори рузноманигорӣ машғул шуд.

Ҷонишини муҳаррири рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

(«Комсомоли Тоҷикистон»), муҳаррири «Газетаи муалли-

мон», мудири шўъбаи рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ»,

котиби масъули маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», мудири

шўъбаи наср ва котиби масъули маҷаллаи «Шарқи сурх»

(«Садои Шарқ») буд.

Соли 1962 курсҳои олии адабиро дар назди Институти

адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Маскав хатм намуда,

дар идораи маҷаллаи «Хорпуштак», киностудияи «Тоҷик-

филм» ва нашриёти «Ирфон» кор кардааст. Баъдтар вази-

фаҳои мудири нашрияи Сарредаксияи Энсиклопедияи Со-

ветии Тоҷик, сармуҳаррири Кумитаи давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон доир ба Кинематографияро ба ўҳда дошт.

Аз июни 1978 котиби Раёсати Иттифоқи нависандагони

Тоҷикистон интихоб шуда кор кардааст.

Очерку ҳикояҳои аввалини Ф. Муҳаммадиев дар нимаи

дуюми солҳои 50-ум дар матбуот пайдо шуданд. Масалан:

«Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956), «Фаттоҳ ва Му-

заффар» (1958) ва гайраҳо.

Соли 1958 маҷмўаи очерку ҳикояҳои ў, соли 1960 повести

«Таркише, ки ба вуқўъ наомад», соли 1963 «Одамони кўҳна»,

соли 1964 «Бибӣ - Зайнаб», соли 1969 маҷмўаи ҳикояҳо таҳ-

ти унвони «Сози мунаввар» аз чоп баромадаанд.

Соли 1974 романи «Палатаи кунҷакӣ»  ба табъ  расид.

Қариб ҳамаи асарҳои ў ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Асарҳои Ф. Муҳаммадиев ба забонҳои ўзбекӣ, латишӣ,

арманӣ, эстонӣ, қазоқӣ, туркманӣ, қирғизӣ, украинӣ, бело-

русӣ, немисӣ, полякӣ, арабӣ, венгерӣ, чехӣ ва булғорӣ низ

тарҷума шудаанд.

Аз рўи сенарияҳои Ф. Муҳаммадиев киностудияи «Тоҷик-

филм» филми бадеии кўтоҳметражӣ «Задухўрд» (1973); фил-

ми мустанади «Субҳи кишвари ман» (1974), филми бадеии

«Вохўрӣ дар дараи марг» (1980) ва ғайраро ба навор гирифт.

Филми бадеии «Вохўрӣ дар дараи марг» дар кинофестива-

ли XIII сазовори мукофот ва дар кинофестивали мамлака-

тҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ, ки дар шаҳри Тош-

кент гузашт, сазовори диплом гардид.

Фазлиддин Муҳаммадиев дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ меҳ-

нати самараноку сермаҳсул ба харҷ додааст. Тарҷумаҳои то-

ҷикии романҳои Андре Стил «Зарбаи аввал», М. Садовяну

«Ҷазираи гулҳо», повестҳои Чингиз Айтматов «Ҷамила»,

«Алвидоъ, Гулсарӣ», М. Левин «Ҳаяҷони саввум», А. Қаҳҳор

«Модаркалони меҳрубони ман», «Овоз аз тобут», В. Губа-

рев «Мўъҷизакори бузург» ва ҳикояҳои алоҳидаи Чехов,

Драйзер ва нависандагони пешқадами адабиёти хориҷӣ ба

қалами Фазлиддин Муҳаммадиев мутааллиқанд.

Фазлиддин Муҳаммадиев бо унвони ифтихории Корман-

ди Шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Ҷоизаи ҷумҳурия-

вии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ мушарраф гардидааст.

Ў 15-уми июни соли 1986 фавтидааст.

 

Комментарии

Rss-лента комментариев к этому посту

Оставьте свой комментарий

Заменить картинку
жирный курсив цитата

С правилами ознакомлен
 

Правила публикования комментариев
1. Не информативные комментарии вида "Спасибо, замечательная статья", имеющие ссылку на сайт, скорее всего будут удалены.
2. В поле "сайт" указывается ссылка на главную страницу сайта для людей.
Владелец этого блога незамедлительно удалит спам в любом его проявлении.

 
Для комфортного доступа к этому сайту, в вашем браузере должен быть включен JavaScript